Форуми ҳамкориҳои Чин ва Осиёи Марказӣ
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар»).-Аз 7 то 9 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тунсяни вилояти Чжентсяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҳамкориҳои Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ўзбекистон баргузор гардид. Ба ҷамъомад ходимони сиёсӣ, мутахассисони пешбар, олимону коршиносони риштаи бизнеси Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд. Дар Форум аз Тоҷикистон собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ С. Хайруллоев, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Т. Назаров, сардори Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон А. Мухаммадазимов ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок доштанд. Форум таҳти шиори «Ҳамкориҳои эътимодомез ва тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд» гузаронида шуда, дар барномаи он ҷаласаҳои умумии мизи мудаввар, семинарҳои мавзӯӣ ва мубоҳисаҳо доир гардиданд. Намояндагони Тоҷикистон доир ба дастовардҳо ва муносибатҳои байни Чину Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун дар тўли 20 соли истиқлолият суханронӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар риштаи иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва ғайра изҳори назар карданд. Ҳамчунин дар ҷамъомад атрофи Шоҳроҳи бузурги абрешим ва аҳамияти он дар минтақа табодули афкор ба миён омад.Хотиррасон гардид, ки ҳамкориҳои Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дорои дурнамои васеъ ва судманд буда, тарафайн омода ҳастанд, тодар густариши муносибатҳо ҳиссагузор бошанд. Форум барои таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунсоҳа ва устувории эътимоди байни мардуми Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ҳамчунин барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд аҳамияти калон дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






