Форуми ҳамкориҳои Чин ва Осиёи Марказӣ

Май 11, 2012 15:28

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар»).-Аз 7 то 9 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тунсяни вилояти Чжентсяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҳамкориҳои Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ўзбекистон баргузор гардид. Ба ҷамъомад ходимони сиёсӣ, мутахассисони пешбар, олимону коршиносони риштаи бизнеси Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд.  Дар Форум аз Тоҷикистон собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ С. Хайруллоев, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Т. Назаров, сардори Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон А. Мухаммадазимов ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок доштанд. Форум таҳти шиори «Ҳамкориҳои эътимодомез ва тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд» гузаронида шуда, дар барномаи он ҷаласаҳои умумии мизи мудаввар, семинарҳои мавзӯӣ ва мубоҳисаҳо доир гардиданд. Намояндагони Тоҷикистон доир ба дастовардҳо ва муносибатҳои байни Чину Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун дар тўли 20 соли истиқлолият суханронӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар риштаи иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва ғайра изҳори назар карданд. Ҳамчунин дар ҷамъомад атрофи Шоҳроҳи бузурги абрешим ва аҳамияти он дар минтақа табодули афкор ба миён омад.Хотиррасон гардид, ки ҳамкориҳои Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дорои дурнамои васеъ ва судманд буда, тарафайн омода ҳастанд, тодар густариши муносибатҳо ҳиссагузор бошанд. Форум барои таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунсоҳа ва устувории эътимоди байни мардуми Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ҳамчунин барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд аҳамияти калон дорад.

Май 11, 2012 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад