Фурӯшандаи симоб ба даст афтод

Май 21, 2012 15:54

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шаҳрванд Амонулло Салимови 32- сола, сокини деҳаи Одилии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо ҷурми додани моддаи заҳролуд ба дӯсташ дастгир гардид.  Тавре ки дар сомонаи интернетии mvd.tj иттилоъ дода шудааст, номбурда рӯзи 19-уми май дар як зарфи пластикии ҳаҷмаш 0,5 литра моддаи заҳролуди симобро ба Раҷабалӣ Ғиёсови 31сола, сокини ноҳияи Ҳисор, сардори шӯъбаи яке аз марказҳои ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Тоҷикистон додааст. Мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Чумҳурии Тоҷикистон маводе, ки аз Раҷабалӣ Ғиёсов гирифта шудааст, моддаи заҳролуди навъи симоб буда, вазни умумиаш 1 килою 628 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Май 21, 2012 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад