Фурӯшандаи симоб ба даст афтод
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шаҳрванд Амонулло Салимови 32- сола, сокини деҳаи Одилии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо ҷурми додани моддаи заҳролуд ба дӯсташ дастгир гардид. Тавре ки дар сомонаи интернетии mvd.tj иттилоъ дода шудааст, номбурда рӯзи 19-уми май дар як зарфи пластикии ҳаҷмаш 0,5 литра моддаи заҳролуди симобро ба Раҷабалӣ Ғиёсови 31сола, сокини ноҳияи Ҳисор, сардори шӯъбаи яке аз марказҳои ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Тоҷикистон додааст. Мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Чумҳурии Тоҷикистон маводе, ки аз Раҷабалӣ Ғиёсов гирифта шудааст, моддаи заҳролуди навъи симоб буда, вазни умумиаш 1 килою 628 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






