Г.Бобоева: «Занги камолот бидуни худнамоӣ мегузарад»
Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фардо 25 май дар кулли мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ маросими «Занги камолот» доир гардида, аз анҷоми соли хониш дарак медиҳад. «Маросими баргузории «Занги камолот» дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт соати 8.00 оғоз гардида, он муддати 45 дақиқа сурат мегирад», гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Гулнора Бобоева, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе. Мавсуф афзуд, ки маросими «Занги камолот» бо иштироки падару модарони толибилмон ва омўзгорон ва бо қироати шеъру суруд, ки тараннумгари ватан, модар, устодон ва арзишҳои миллианд, шурўъ гардида, истифодаи дастгоҳҳои тасвирӣ, тўҳфасупорӣ, баргузории ҳама гуна нишасту шабнишиниҳо манъ аст. Сардори Раёсати маорифи пойтахт гуфт: баъди анҷоми маросими «Занги камолот» толибилмон вориди синфхонаҳо гардида, ба дарсу машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд. Алҳол дар пойтахт 140 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 167 ҳазор толибилм таҳсил менамоянд. 116 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз буҷаи пойтахт маблағгузорӣ мегардад. Соли равон мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахтро беш аз 8 ҳазор хонанда хатм карда, баъди супоридани имтиҳонҳо соҳиби номаи камол мегарданд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






