Г.Бобоева: «Занги камолот бидуни худнамоӣ мегузарад»

Май 24, 2012 14:44

Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фардо 25 май дар кулли мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ маросими «Занги камолот» доир гардида, аз анҷоми соли хониш дарак медиҳад.  «Маросими баргузории «Занги камолот» дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт соати 8.00 оғоз гардида, он муддати 45 дақиқа сурат мегирад», гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Гулнора Бобоева, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе. Мавсуф афзуд, ки маросими «Занги камолот» бо иштироки падару модарони толибилмон ва омўзгорон ва бо қироати шеъру суруд, ки тараннумгари ватан, модар, устодон ва арзишҳои миллианд, шурўъ гардида, истифодаи дастгоҳҳои тасвирӣ, тўҳфасупорӣ, баргузории ҳама гуна нишасту шабнишиниҳо манъ аст. Сардори Раёсати маорифи пойтахт гуфт: баъди анҷоми маросими «Занги камолот» толибилмон вориди синфхонаҳо гардида, ба дарсу машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд. Алҳол дар пойтахт 140 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 167 ҳазор толибилм таҳсил менамоянд. 116 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз буҷаи пойтахт маблағгузорӣ мегардад. Соли равон мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахтро беш аз 8 ҳазор хонанда хатм карда, баъди супоридани имтиҳонҳо соҳиби номаи камол мегарданд.

Май 24, 2012 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд