«Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ»
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа миёни маъюбони вилояти Хатлон таҳти чунин унвон: «Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ» телемарафон доир гардид. Телемарафон аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо шабакаи телевизиони вилоят созмон дода шуд.Тавре ки аз раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маблағе, ки аз ин чорабинӣ ҷамъоварӣ мешавад, барои ҳалли мушкилоти маъюбони вилоят равона мегардад.Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар вилояти Хатлон 11 ҳазор нафар ҷавони маъюб зиндагӣ мекунад, ки бо як силсила мушкилот, аз ҷумла мушкилоти таъмин бо ҷойи кор мувоҷеҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






