Гул Шералӣ бо Лутаф Касам вохӯрд

Май 3, 2012 15:47

Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо коршиносони Фонди Оғохон доир ба рушди иқтисодӣ ( AKFED) бо роҳбарии Лутаф Касам- мудири бахши иқтисодии Фонди Оғохон баргузор гардид. Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ доир ба саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорат дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи энергетика дар ВМБК, аз ҷумла сохтмони НБО –ҳои Ширк 1, Ширк 2, Бартанг, ҳамчунин нерӯгоҳҳои барқии обии дарназардошташуда – Ванҷу Мурғоб ибрози назар намуд. Инчунин имконияти ба роҳ мондани корҳо вобаста ба асосноккунии техникию иқтисодии НБО-ҳои Санобод, Себзор, сохтмони хатҳои интиқоли барқ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон мувофиқи мақсад ҳисобида шуд. Тавре ки зикр гардид, татбиқи лоиҳаҳои мазкур барои таъмини қисмати зиёди Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, рушди соҳаи саноати ин минтақаҳо, бахусус маъдан ва таъмини аҳолии ин минтақаҳо бо ҷои кор мусоидат хоҳад кард.Лутаф Касам иброз дошт, ки имконияти татбиқи лоиҳаҳои мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, Фонди Оғохон густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои саноатӣ минбаъд густариш хоҳанд ёфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 3, 2012 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад