«Гулбасти сабзранг»- зебандаи Меҳринигору Нозия
Душанбе, 30 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ширкати «Чакан»-и шаҳри Кўлоб дар баробари дўхтани пироҳанҳои чакан ҳамзамон истеҳсоли матои гулбасти сабзрангро ба роҳ мондааст. Матои мазкур аз суфи сафед, ки аз пахтаи маҳаллӣ истеҳсол мегардад, таҳия шуда, онро бо рангҳои гуногун оҳар зада, баъдан ба он нақшу нигор ва гул мерезанд. «Матои гулбасти сабз дар байни занону духтарони маҳаллӣ маҳбубият дошта, муштариёни он бештар сарояндаҳо ва ҳунармандонанд»,- мегўяд Валӣ Зариф, раиси ширкати «Чакан». -Аз ин матоъ барои ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев ва сарояндагони ҷавону умедбахш Нозияи Кароматулло ва Меҳрнигори Рустам пироҳанҳои саҳнавӣ тайёр гардидааст. Дар оянда ният дорем, ки истеҳсоли ин навъи матоъро бештар ба роҳ монем, чунки талабот ба он зиёд аст, зеро аз матои пахтагин истеҳсол мегардад». Ширкати «Чакан» 7 сол муқаддам -соли 2005 дар остонаи таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кўлоб бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудааст. Дар он 50 нафар бонуи шаҳри Кўлоб ва навоҳии Восеъ ва Мўъминобод дар чор бахш маҳсулоти гуногуни чакан медўзанд. Ҳар як бахш дорои рассом ва тарроҳ буда, дар асоси фармоишҳои муштариён пироҳанҳои мухталифи чакан, тўппӣ, сўзанӣ, рўймол, дар маҷмўъ 20-30 намуди маҳсулоти гулдӯзӣ омода месозанд. Ширкати мазкур дар маркази шаҳри Кўлоб мағозаи махсус дошта, дар он дар радифи маҳсулоти гулдӯзӣ инчунин намунаҳои дигари ҳунари мардумӣ ба фурўш гузошта шудаанд. Нақшу нигори офаридаи бонувони чакандўз ба пироҳану сўзаниҳо ҳусни тоза ато менамояд. Бонувони чирадаст бо усулҳои хоси муосир, классикӣ, саҳнавӣ пироҳан медўзанд, ки онҳо дар муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон ба ҷаҳониён саҳми шоиста гузоштаанд, зеро маҳсули дастони бонувони кўлобӣ борҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ба мисли Ҳиндустон, Эрон, Чин, Амрико, Русия, Беларус, Туркманистон баргузор гардидааст, муаррифӣ шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






