Гузоришгари махсуси СММ ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Назар ба хабари Маркази навигариҳои СММ бо даъвати Ҳукумати ҶТ гузоришгари махсуси СММ аз рӯи масъалаи ҳуқуқи инсон ба сатҳи баландтарини саломатии ҷисмонию рӯҳӣ Ананд Гровер аз 24 май то 1 июн меҳмони Тоҷикистон мешавад.Мақсад аз сафари мавсуф ҷалби ҳукумат ва мушорикони бахши рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли душвориҳои молиявии низоми тандурустии Тоҷикистон мебошад.Ананд Гровер масъалаҳои марбут ба саломатию рӯҳӣ ва муолиҷаи бемории сил, ҳамчунин ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаи вазъи иҷтимоӣ ва табъизро низ мавриди муҳокима қарор медиҳад.Гузоришгари махсус коршиноси мустақилест, ки ӯро Шӯрои оид ба ҳуқуқҳои инсон барои дастгирии кишварҳо дар ҷараёни фаъолият ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи ҳар инсон ба сатҳи баландтарини саломатии ҷисмонию рӯҳӣ таъин мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






