Худсарона ишғол кардани замин ҷиноят аст
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Чкалов шаҳрванд Шамсуддин Каримови 48 сола, сокини кӯчаи Краснознамённий дастгир карда шуд. Номбурда аз моҳи марти соли 2012 бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда 88-метри мураббаъи замини назди ҳавлии истиқоматиашро худсарона азони худ намуда, дар он ҷо таҳкурсии бинои истиқоматӣ сохтааст. Ҳамчунин ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Хуросон ба амал омад. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия шаҳрванд Асомиддин Меликови 59- сола- сокини деҳаи Даҳанакиикро дастгир намуданд, ки номбурда моҳи майи соли 2012 дар ҳудуди деҳаи Правда аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии М. Асадуллоев бе иҷозати мақомоти дахлдор 0,10 гектар қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, дар он ҷо хонаи истиқоматӣ бунёд намудааст. Нисбат ба дастгиркунандагон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






