Идомаи боздиди Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ИМА

Май 18, 2012 11:12

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 17 майи соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки ҳайати Тоҷикистонро зимни сафар ба ИМА роҳбарӣ мекунад, дар машваратҳои солонаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзид. Аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзи аввали машваратҳо ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА масъалаҳои доир ба амният, таҳкими марзҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима намуданд. 18 май машваратҳои дуҷониба идома хоҳанд дод. Дар нимаи дуюми рӯзи 17 май Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо аъзои Конгресси ИМА, Сардори зеркомиссияи Аҳзоби Намояндагони ИМА оид ба масъалаҳои Аврупо ва Авруосиё ҷаноби Дан Буртон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ мусоҳибон вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва нақши парлумон дар рушди минбаъдаи равобити миёни ИМА ва Тоҷикистонро муҳокима карданд. Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Алис Веллс вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон раванди вазъ дар минтақа ва Афғонистон, масоили мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои байналмилалиро баррасӣ карданд. Шоми рӯзи 17 май, дар Донишкадаи омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Қафқози Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс cуханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар партави соли 2014» баргузор гардид. Зимни он дипломати тоҷик назари худро доир ба раванди вазъи минтақа дар партави баровардани қӯшунҳои муштарак аз Афғонистон дар соли 2014 ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториро ҷиҳати барқарорсозии иқтисодию иҷтимоии ин кишвар баён намуд. Вазири корҳои хориҷӣ дар поёнӣ суханронӣ ба саволҳои ҳозирин посух дод.

Май 18, 2012 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд