Ифтитоҳи хатсайри нави «Тоҷик Эйр»
Душанбе, 25 май (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Аз моҳи июни соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба иҷрои хатсайри нави Душанбе — Исломобод — Душанбе шурўъ менамояд. Парвозҳо мунтазам ҳафтае ду маротиба рўзҳои чоршанбе (вақти парвоз 23.00) ва рўзҳои шанбе (вақти парвоз 23.55) сурат мегиранд. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқа. Арзиши чипта аз як тараф 180 евро мебошад.Хатсайри нав мутобиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон дар ҳамдастӣ бо корпусҳои дипломатии ду кишвар ифтитоҳ меёбад. Ояндаи наздик ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ҳамчунин ба шаҳри Қарочии Покистон дубора роҳандозӣ мекунад. Парвозҳо дар ин самт моҳи сентябри соли 2001 бинобар ташаннуҷ ёфтани вазъи Афғонистон, ки фазои онро ҳавопаймоҳои ширкат убур мекарданд, қатъ шуда буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






