Ифтитоҳи мактаби нав дар Мастчоҳ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 22 майи соли 2012 Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сӯҳроб Охунов, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи рақами 8 -и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок меварзанд. «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёна дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи умумии 111,604 доллари ИМА муваффақона ба итмом расид. Ҷамоати Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо 12400 нафар аҳолӣ дар минтақаи кӯҳистони баланд ҷайгир мебошад. Аз ҳисоби набудани вазъияти мувофиқи таҳсил дар деҳаи Рогифи ҷамоати Иван Тоҷик, бачаҳо ба мактаби деҳаи ҳамсоя, ки дар масофаи дурдаст воқеъ буд, мерафтанд. Барои гирифтани таълимоти самаранок рафтуомад дар масофаи дурдаст мушкилӣ пеш меовард. Бинои мактаби нав, ки 252 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ҳамроҳ бо утоқи муаллимон ва шаш синфхона бо ёрии грант сохта шуд. Мактаби нав дорои шароити мувофиқи таълимӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






