Ифтитоҳи Маркази омўзишӣ дар шарқи кишвар
Душанбе, 10 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ноҳияи Ҷиргатол барои духтароне, ки аз оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарасторанд , Маркази омўзиши дўзандагӣ кушода шуд. Маркази мазкур бо ибтикори Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол таъсис дода шудааст. Муддати се моҳ ҳудуди 30 духтари маҳаллӣ нозукиҳои ҳунари чевариро азбар карда, соҳибкасб мегарданд ва аз маҳсули ҳунари худ зиндагиашонро пеш мебаранд, мегўяд Саидҷаводи Разавӣ, роҳбари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки алҳол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон беш аз 50 маркази омўзиши ҳунари дўзандагӣ фаъолият доранд, ки нақши онҳо дар беҳбуди сатҳи иҷтимоии бонувони деҳотӣ назаррас аст. Ҳамзамон ба духтароне, ки нозукиҳои касби дўзандагиро дар мўҳлати кўтоҳ азбар менамоянд ва дорои истеъдоди хубанд, мошинаи дарздўзӣ тақдим карда мешавад. Қаблан чунин марказҳои дўзандагӣ дар шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Қубодиён ва Ҷалолиддини Румӣ таъсис шуда буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






