Иштирокчии марафон ҳалок шуд
Душанбе, 22 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар Рига яке аз иштирокчиёни марафони Nordea, ки рӯзи 21 –май барпо гардид, дар беморхона ба ҳалокат расид. Тавре ки DELFI менависад, ин иштирокчии марафон масофаи 21 километрро давида, дар як маврид худро бад ҳис кардааст ва аз пой афтидааст. Духтурон ӯро ба беморхона овардаанд, вале аз марг раҳо карда натавонистаанд.Дар бораи ин мард ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ шаҳрванди кишвари беруна аст. Чунин ҳолат дар соли 2011 ҳам рух дода буд. Шаҳрванди 60- солаи Шветсия дар ҷараёни марафон ба ҳалокат расид. Ҳокими Рига низ дар он марафон бо ҳолати бади саломатӣ ба беморхона оварда шуда буд.Дар марафон 18 000 нафар иштирок карданд ва Курган Титус Кипковир аз Кения ва Ираида Александрова аз Русия дар он дав ғолиб омаданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






