Иштироки Суди конститутсионии ҶТ дар конфронси Алмаато
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар шаҳри Алмаато конфронси минтақавӣ аз рӯи масъалаи татбиқи Конвенсияи Комиссияи иқтисодии Аврупо дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, иштироки аҳли ҷамъият дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адлия аз рӯи масъалаҳои муҳити зист корашро анҷом дод.Дар конфронс 75 нафар намояндагони мақомоти адлия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони байналмилалии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, ҳамчунин Муғулистон иштирок намуданд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ барои судяҳо ва намояндагони Осиёи Марказӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ семинарҳои махсус созмон дода шуданд. Дар конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистонро судяи Суди конститутсионӣ М.Гулзорова ва сармутахассиси бахши кори байни кадрҳои дастгоҳи Суди конститутсионӣ Ш.Холиқова намояндагӣ намуданд.Дар доираи конфронс мулоқоти намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсозони Маркази рушди Швейтсария, намояндагони Қазоқистон ва Муғулистон баргузор гардида, зимни он масъалаҳои марбут ба фаъолияти низоми судӣ ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаи экология мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






