Истеҳсоли 300 мВт нерӯи барқ тавассути ангишт

Май 16, 2012 11:12

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба  иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноат, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт дар соли 2012 ва солҳои баъдӣ низ зиёд мегардад. Аз ҷумла дар солҳои 2012-2013 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара бо истифода аз ангишт маркази барқу гармидиҳӣ сохта мешавад, ки иқтидори он ба 300 мВт мерасад ва он ҳамчунин аҳолии шаҳракро бо оби гарм ва гармӣ таъмин менамояд.Чанде қабл Вазорати энергетика ва саноат бо намояндагони ширкати HOS International Trading (PTY) LTD (Малайзия) Ёддошти ҳамкорӣ дар бунёди сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.Дар назар аст, ки чунин марказҳои гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт дар шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон ва шаҳракҳои наздик ба конҳои ангишт сохта шаванд.

Май 16, 2012 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад