Истеҳсоли 300 мВт нерӯи барқ тавассути ангишт
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноат, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт дар соли 2012 ва солҳои баъдӣ низ зиёд мегардад. Аз ҷумла дар солҳои 2012-2013 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара бо истифода аз ангишт маркази барқу гармидиҳӣ сохта мешавад, ки иқтидори он ба 300 мВт мерасад ва он ҳамчунин аҳолии шаҳракро бо оби гарм ва гармӣ таъмин менамояд.Чанде қабл Вазорати энергетика ва саноат бо намояндагони ширкати HOS International Trading (PTY) LTD (Малайзия) Ёддошти ҳамкорӣ дар бунёди сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.Дар назар аст, ки чунин марказҳои гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт дар шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон ва шаҳракҳои наздик ба конҳои ангишт сохта шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






