Истеҳсоли ангишт зиёд гардид

Май 10, 2012 16:12

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 3 корхонаи соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти чор моҳи соли ҷорӣ (январ-апрел) ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. ҶСШК «Ангишт», КФ «Фон-Яғноб», минтақаи «Ангишт»-и КМ «Анзоб» пурсамар фаъолият намуда, истихроҷи ангиштро ба 33 204 тонна расонида, нисбат ба нақша 10 104 тонна (143,7%) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 11 268 тонна (151,3%) зиёд ангишт истеҳсол кардаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 45 468 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 480 тонна (206,8%) бештар аст. Воридоти ангишт то санаи 1.04. 2012-ум 5165,5 тоннаро ташкил медиҳад. Захираи ангишт (бо бақияи ангишт) назар ба соли гузашта дар анборҳо ва нуқтаҳои фурӯши ангишти корхонаҳои соҳа 35905 тоннаро ташкил дода, корхонаҳо мавсими истихроҷи ангиштро аз моҳҳои май-июн оғоз менамоянд. Содироти ангишт ба хориҷи кишвар тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 манъ шудааст. Дар айни замон 80 корхонаи хиштбарорӣ, 28 адад оҳангудозӣ, 6 адад корхонаи семент, як адад корхонаи шиша ва 21 адад корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 10, 2012 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид