Истеъмоли 11 тухм дар 4 моҳ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 4 моҳи аввали соли 2012 хоҷагиҳои мурғпарварии ҷумҳурӣ ба миқдори 91 млн. 146 ҳазор дона тухм истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 9,2 фоиз зиёд аст.Ба иттилои манбаъ, нақшаи истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои вилояти Суғд 30,4 фоиз, хоҷагиҳои вилояти Хатлон – 11,6, хоҷагиҳои Суғд- 30,4 ва хоҷагиҳои ВМКБ ба миқдори 4,2 фоиз барзиёд иҷро намудаанд. Дар баробари ин паррандапарварони ноҳияҳои Нуробод истеҳсоли тухмро ба андозаи 28,6 фоиз, Роғун-24,8, Тоҷикобод-15, Рашт-8,3, Файзобод-6,3, Турсунзода-2 ва ноҳияи Рӯдакӣ ба андозаи 1,5 фоиз зиёд намуданд, ки мувофиқи ҳисоби пешакӣ ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ дар 4 моҳ 11 тухм рост меояд ва ин дар мавридест, ки даҳ сол пештар ба сари ҳар як сокини ҷумҳурӣ дар як сол 1 дона тухм ҳам рост намеомад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






