Кӯмак ба иштирокдорону маъюбони ҶБВ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Ба ифтихори таҷлили 67 – солагии Ғалаба ҳар кадоми 168 нафар иштирокдорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 45 аз Бунёди захиравии раиси шаҳри Душанбе ба маблағи 500 сомонӣ кӯмаки яквақта мегирад. Дар ин бора аз қарори раиси шаҳри Душанбе, ки дар сомонаи расмии ӯ дарҷ шудааст, ба АМИТ «Ховар» маълум гардид. Мутобиқи ин санад ба шахсони дигари ба иштирокдорони ҶБВ баробар кардашуда, аз ҷумлаи шахсони дар муҳосираи Ленинград иштирокдошта, шахсони дорои мукофоти ИҶШС барои меҳнати шуҷоатнок дар ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокдорони Чернобил, ҳамсарони иштирокдорони ҶБВ ва шахсоне, ки баҳри муҳофизати Сохти конститутсионии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, ба ҳаҷми 350 сомонӣ кӯмаки яквақта мегиранд. Аз Бунёди захиравии раиси шаҳр барои ин мақсад 454 ҳазору 300 сомонӣ барои 1226 нафар ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин, бо қарори раиси шаҳр тасдиқ шудааст, ки соати 9 – и пагоҳии 9 май дар пойтахт маросими гузоштани гулчанбарҳо дар «Боғи Ғалаба» ва расми гузашти низомиён баргузор гардида, дар он 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунанд. Аз соати 10 – и пагоҳӣ дар шаҳр сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт пешбинӣ шудааст. Дар боғҳои фарҳангу истироҳати ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», дар назди Кӯли ҷавонон ва дар майдони 800 – солагии Маскав консертҳои идонаи устодони санъати ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






