Кӯмаки Ҷопон ба бахши тандурустии Хатлон

Май 16, 2012 14:24

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 15 майи соли равон Котиби саввуми Сафорати Ҷопон Такааки Коматсу ва раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдуҷон Таваккалов дар маросими ифтитоҳи шӯъбаи таваллуди беморхонаи Маркази ноҳияи Панҷ ширкат варзиданд. Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии шӯъбаи мазкури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бо таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии 105,772 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид.Беморхонаи марказӣ, ки солҳои 1977 сохта шудааст, барои расонидани хизмати тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Панҷ вазифаи муҳимро иҷро менамояд. Аз замони сохтани беморхона таҷҳизоти тиббии шӯъбаи таваллуд иваз нашудааст. Тавассути таҷҳизоти фарсуда ва ғайрисанитарӣ ба тифлони навзод ва модарони онҳо хизматрасонии мувофиқ хеле мушкил буд. Махсусан дар ҳолатҳои таваллуди пеш аз мӯҳлат имконияти беморхонаи марказӣ ҷиҳати ташхиси дуруст ва табобати босифат хеле норасо буд.Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур шӯъбаи таваллуд бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, мисли дастгоҳҳои нафасдиҳандаи сунъии шуш, дастгоҳи обияткаши ҷарроҳӣ, ҷевони ҳавохушккунак ва дигар таҷҳизоти тиббӣ, ки барои табобати дуруст ва хизматрасонии тиббӣ лозиманд, муҷҷаҳаз гардонида шуд.

Май 16, 2012 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад