Кӯмаки энергетикҳо ба собиқадорон
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008 № АП-467 ҷиҳати расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ барои расонидани кӯмакҳои моддӣ мунтазам мусоидат менамояд. Ба муносибати Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст, ки ҳамчунин дар соҳаи саноат ва энергетика фаъолона саҳм гирифтаанд, кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Мавриди тазаккур аст, ки Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин ба шахсони дигари ниёзманд мунтазам кӯмак мерасонад.Дар ин бора аз котиботи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






