Кӯмаки маҷҷонӣ ба геологияи Тоҷикистон

Май 7, 2012 16:20

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҷараёни гуфташуниди муваффақонаи сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим бо намояндагони ширкатҳои мухталиф, роҳбарони Намояндагии тиҷоратию иқтисодии ҶТ дар Британияи Кабир дар намоишгоҳи «Ҷаноби сармоягузор – 2012», ки дар шаҳри Лондон баргузор гардид, яке аз ширкатҳои Англия барномаи литсензиядори компютерии «Datamine» — и арзишаш баробари қариб 100 ҳазор доллари ИМА – ро ба таври маҷҷонӣ дастраси Сарраёсати геологияи Тоҷикистон намуд. Мақад аз ин барнома ҳалли масъалаҳои марбут ба иктишофу истихроҷи конҳои маъдан мебошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сарраёсати геология ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, аз ин пеш бо намояндагони минтақавии ширкати «Microminet» — и Австрия қарордод дар бораи ба таври бебозгашт супурдани барномаи литсензиядори комютерии «Microminet» ба Сарраёсати геология ба маблағи 416 ҳазор доллари ИМА имзо шуда буд. Барномаи мазкур дар Маркази маълумотҳои илм дар бораи замин мавриди истифода қарор мегирад. «Тарбияи мутахассисони ҷавони кишвар дар заминаи ин ду барномаи компютерӣ ба Ҳукумати ҶТ имкон медиҳад, ки дар бораи истифодаи оқилонаю самарабахши қаъри замин, кори судманди корхонаи истихроҷи маъдан бо назардошти вазъи бозори ашёи хоми минералӣ маълумоти дақиқ дошта бошад», — зикр намуд манбаъ.

Май 7, 2012 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад