Кӯмаки Сарвари давлат ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кӯмакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 амр имзо намуд. Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи кишвар вазифадор аст, ки ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кӯмаки яквақтаи пулӣ ҷудо намояд. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳия низ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазифадор шудаанд, ки ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кӯмакҳои моддию маънавӣ расонанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






