Кӯмаки «Тоҷиксодиротбонк» ба иштирокчиёни ҶБВ
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ба муносибати фарорасии 9 май – Рӯзи Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рӯшноӣ бар торикӣ ва хайр бар шарр аст, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба 55 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нафарони ба онҳо баробаргардидаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми қариб 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, ки кормандони бонк кулли собиқадорони ҷангу ақибгоҳ ва тамоми ҳамватанони азизро бо Рӯзи Ғалаба муборакбод намуда, ба ҳар хонадон сулҳу осоиш ва баракату хушбахтиро таманно доранд. Бояд гуфт, ки ҳар сол ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳамаи иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 45 аз тарафи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, инчунин аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмаки пулию молӣ расонида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






