Калонтарин яхдон дар Шайдон

Май 21, 2012 15:57

Суғд, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бо дастгирии ташкилоти байналхалқии ЮСАИД (USAID) ва соҳибкор Пӯлод Ашӯров дар масоҳати 240 метри мураббаъ дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт яхдони замонавӣ, ки дар он имконияти нигоҳ доштани 200 тонна мева мавҷуд аст, мавриди истифода қарор гирифт.Ҳарорати яхдон +8 с буда, он иқтидори то як моҳ нигоҳ доштани мева бо сифати аввала дорад.Дар шафати он сехи нав барои ба меъёрҳои талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ мувофиқ гардонидани меваҷот сохта шудааст ва дар сех 50 нафар, ки асосан духтаронанд, ба кори саракунӣ ва ба қуттиҳои махсус чидани мева машғуланд.Маблағи лоиҳавии сохтмон 120 ҳазор доллари ИМА буда, 30 фоизи маблағ аз тарафи ташкилоти байналхалқии ЮСAИД пардохта шудааст.

Май 21, 2012 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд