Киҳо сазовори ҷоизаи Рӯдакӣ мешаванд?
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 майи соли 2012 маҷлиси аввали умумии Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Руқия Қурбонова маҷмӯи асарҳои адабию ҳунарии довталабон мавриди муҳокима ва мубоҳисаи ҷиддӣ қарор гирифт. Ҳайати кумита дар хусуси пуштибонии фарҳанг, омӯзишу пажӯҳиши ҳамаҷонибаи офаридаҳои пешниҳодшаванда, баландтар бардоштани меъёри баҳодиҳӣ ва барафзудани эътибори ин мукофоти олии адабию ҳунарӣ андешаҳои судманд баён карданд. Мутобиқи талаботи Низомнома ва мувофиқи хулосаҳову пешниҳодҳои бахшҳои соҳавии Кумита асарҳои арзишмандтарин ба озмуни дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ интихоб ва тавсия шуданд. Ин офаридаҳои довталабон тавассути матбуоти даврӣ, маҳфилҳои эҷодӣ, намоишҳо ва намоишгоҳҳои ҳунарӣ ба муҳокимаи тахассусии оммавӣ гузошта мешаванд. Ба озмун нафарони зерин барои дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ барои соли 2012 интихоб ва тавсия шуданд:Дар соҳаи адабиёт Аҳмадҷони Раҳматзод – шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, дар соҳаи санъат ва меъморӣ, соҳаи санъати театр ва синамо Баҳодур Миралибеков – коргардон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон, дар соҳаи мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ Файзалӣ Ҳасанов – ҳунарпеша, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, дар соҳаи санъати тасвирӣ ва меъморӣ Маҳмадраҳим Каримов – муҳандис ва муҳаққиқ, номзади илми меъморӣ, узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон Ҷӯра Ҳошимӣ – шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






