Кони ояндадори «Пакрут» дар Ваҳдат
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои саргеологи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд (ҶДММ)-и «Пакрут»-и ноҳияи Ваҳдат Мирмуҳаммд Умаров, кони мазкур миёни садҳо кони тиллои ҷаҳони муосир ба худ ҳамто надорад. Он ояндадортарин кон маҳсуб меёбад. Дар таркиби 1 тонна маъдани кони мазкур то 4,5 грамм тилло мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар таркиби 1 тонна маъдан мавҷуд будани 0,8 грамм тилло аз конҳои ояндадор маҳсуб меёбад.Баъди эълони тендер оид ба дастрас намудани иҷозатнома (литсензия) яке аз ширкатҳои бритонёӣ бо номи «Kruso Resources» ғолиб омада, барои фаолияти 18-сола (2012-2030) дар ин кон иҷозатнома гирифт. Ширкати бритонёӣ барои ҳамкорӣ бо ширкати ватании ҶДММ «Пакрут» шартнома ба имзо расонид.Бино ба гуфти М. Умаров, барои ба роҳ мондани фаъолият айни замон 108 млн. доллар маблағгузорӣ намудан зарур аст.Дар сурати боқӣ мондани нархи тилло дар сатҳи 1 ҳазору 250 доллар барои як унсия (29,86 грамм) корхона дар зарфи 2,5 — 3 сол маблағи сарфшударо ба даст оварда, дар давоми 15 соли боқимондаи шартнома танҳо бо фоида кор мекунад.Кони «Пакрут» дуюмин кони тиллоест, ки ширкатҳои бритонёи тавассути тендер иҷозатнома (литсензия) ба даст овардаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






