Кор дар нақби «Чормағзак» суръат мегирад
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бинокорони нақби «Чормағзак» бояд боз масофаи 1 ҳазору 700 метрро парма кунанд. Аз оғози сол то имрӯз масофаи 830 метр парма ва 799 метр бетонрезӣ шудааст. Аз оғози татбиқи лоиҳа дар ин ҷо масофаи 2 ҳазору 730 метр пармакорӣ ва 2 ҳазору 360 метр бетонрезӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир пармакорию бетонрезӣ мувофиқи нақша сурат мегирад.Қобили зикр аст, ки баъди ба истифода додани нақби «Чормағзак» масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад. Мувофиқи нақша масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Ин лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои қарзии ҳукумати Чин дар амал татбиқ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






