Корфармоёни қарздор
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, маблағи умумии қарздории корфармоёни корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ аз пардохти музди меҳнати кормандон бо назардошти солҳои гузашта то 1-уми марти соли 2012 маблағи 23 млн. 387 ҳазору 700 сомониро ташкил дод. Танҳо дар моҳҳои январ- феврали соли 2012 корфармоён аз кормандон ба маблағи 6 млн. 551 ҳазор сомонӣ қарздор гардиданд.Ба иттилои манбаъ, қарздорӣ аз пардохти музди кор қариб дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ ба қайд гирифта шудааст. Қарздорӣ аз пардохти музди кор дар саноати коркард ва нерӯи барқ, газ ва таъминоти об мутобиқан 10,3 баробар зиёд шудааст. Зиёдшавии қарздорӣ аз пардохти музди кор қариб дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонӣ низ дида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 9 кишвари ИДМ аз рӯи ҳаҷми миёнаи маош, ки муодили 115 доллари амрикоӣ мебошад, дар ҷойи охир қарор дорад. ФР бо 28 ҳазор рубл, ки муодили 800 доллар аст дар ҷойи аввал, Ҷумҳурии Қазоқистон бо 92,2 ҳазор тенге, ки баробари 625 доллари амрикоӣ мебошад дар ҷойи дуюм ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо 368 манат, ки 469 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар ҷойи сеюм қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






