Кўмаки DREF ба зарардидагони Тавилдара
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорияш ((Disaster Relief Emergency Fund /DREF/) ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ барои ироаи маводи ғайриғизоӣ, асбоби сохтмонӣ, ёрии равонӣ ва маводи иттилоотии марбут ба огаҳӣ аз офатҳо ба мардуми осебдида аз зилзила дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тавилдара мусоидат менамояд. Дар робита ба ин ҶҲАТ ба 558 хонавода (3,348 нафар) ёрӣ мерасонад. Кўмакҳо аз маводи ғайриғизоӣ ба 86 хонадони осебдида, захираи дубораи анборҳои ҶҲАТ бо маводе, ки аллакай ба 110 хонавода тақсим гардид ва ироаи асбоби сохтмонӣ ба 196 хонавода иборат аст. Ҳамзамон ба 558 оила, ки аз зилзила ва пасларзаҳо таъсири равонӣ бардоштаанд, ёрии равонию иҷтимоӣ расонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи зилзилаи субҳи 13-уми майи соли 2012 22 деҳа дар се ноҳияи шарқи Тоҷикистон зарар диданд. ҶҲАТ бо ёрии Федератсияи байналмилалӣ аз соатҳои нахустин фаъолияти вокуниширо оғоз намуд. Феълан, 50 узви кумитаҳои маҳаллии вокунишӣ аз ҳар се ноҳияи зарардида ва 8 узви гурӯҳи миллии вокуниш ба офатҳо дар минтақа фаъоланд. Кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ дар минтақа ба муайян кардани ҳаҷми хисорот ва ниёзҳои осебдидаҳо ва ироаи ёрии аввалу ёрии равонӣ машғуланд. Дабири кулли ҶҲАТ ва раҳбари намояндгаии Федератсияи байналмилалӣ барои танзими фаъолияти ҶҲАТ ба ноҳияи Тавилдара сафар карданд ва бо мақомоти маҳаллӣ вохӯрданд. Эрик Мишел-Селйе, раҳбари намояндагии Федератсияи байналмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Мардум манзилҳо ва дороии худро дар натиҷаи офат аз даст додаанд. Мо ҳам дарди ин мардумро ҳис мекунем ва онҳоро дар ин рӯзи мушкил ҳаққи танҳо гузоштан надорем. Чун Ҳукумати Тоҷикистон маводи ғизо ва хаймаҳо мерасонад, мо тасмим гирифтем, ки мардуми осебдидаро бо маводи ғайриғизоӣ ва асбоби сохтмонӣ таъмин кунем. Чун маводи ғайриғизоӣ мегӯем, мо кӯрпаву кӯрпача, рахти хоб, болишт, зарфҳо, таҷҳизоти ошхона, бастаҳои беҳдоштӣ (гигиенӣ) ва амсоли инро дар назар дорем. Ин ҳама мавод ба маҳалли офат ирсол гардидааст», меафзояд Э. Мишел-Селйе. Бояд тазаккур дод, ки Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (DREF) соли 1985 аз сўи ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулодда созмон дода шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






