Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳамагон эҳтиёткориро талаб менамояд

Май 10, 2012 10:03

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- 9-уми май дар кӯли «Комсомол» як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ҷасади номбурда аз тарафи гурӯҳи зудамали Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дарёфт шуда, ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 супорида шуд. Дар ҳамин радиф Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТпеш аз оғози мавсими шиноварӣ ба сокинон, шаҳрвандон ва меҳмони кишвар муроҷиат намуда, ҳангоми шиноварӣ аз ҳамагон эҳтиёткориро талаб менамояд.Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кўлҳо соли сипаригашта (2011) дар кишвар 118 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардиданд.Бинобар ин барои дучор нагардидан ба чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кӯлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунед.

Май 10, 2012 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад