Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳамагон эҳтиёткориро талаб менамояд
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- 9-уми май дар кӯли «Комсомол» як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ҷасади номбурда аз тарафи гурӯҳи зудамали Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дарёфт шуда, ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 супорида шуд. Дар ҳамин радиф Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТпеш аз оғози мавсими шиноварӣ ба сокинон, шаҳрвандон ва меҳмони кишвар муроҷиат намуда, ҳангоми шиноварӣ аз ҳамагон эҳтиёткориро талаб менамояд.Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кўлҳо соли сипаригашта (2011) дар кишвар 118 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардиданд.Бинобар ин барои дучор нагардидан ба чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кӯлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунед.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






