Лигаи якум: «Панҷшер» -у «Ситора» ҳамоно пешсаф
Душанбе, 30 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Вохӯриҳои даври 9-уми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи якум рӯзҳои 27-ум ва 28-уми май баргузор шуданд. Чун солҳои пешин ба бозиҳо ҳозир нашудани дастаҳо ба чашм мерасад. Дастаи СКИФ-и Душанбе, ки бо “Ҳулбук” бозӣ дошт, ба ин вохӯрӣ ҳозир нашуд ва соҳибони майдон бо ғалабаи техникӣ соҳиби се имтиёз шуданд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа “Панҷшер” дар меҳмонӣ “Пахтакор”-и Қабодиёнро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод. “Ситора”-и Рӯдакӣ ,ки бо “Панҷшер” 21 имтиёзӣ доранд, дар майдони худ “Самар”-и Восеъро бо натиҷаи 2 бар 0 ба мағлубият рӯ ба рӯ кард. Бозиҳои боқимонда чунин ҷамъбаст шуданд:«Бохтар» (Бохтар) — «Кӯктош» (Рӯдакӣ) — 0:0 «Барқ» (Норак) — “Саройкамар” (Панҷ) – 2:4“Файзобод» (Файзобод) — «Локомотив» (Душанбе) – 0:1«Пахтакор» (Қабодиён) — «Панҷшер» (Румӣ) — 1:3








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






