Мӯҳлати манъи содироти пӯст дароз карда мешавад
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазорати энергетика ва саноат як қатор ҳуҷҷатҳоро дар мавриди дароз намудани мӯҳлати манъи содироти пӯст манзури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намуд. Дар Тоҷикистон манъи содироти пӯст ҷорӣ гардида буд, вале моҳи июни соли равон мӯҳлати эътибори он анҷом меёбад. Дар робита бо ин бояд мӯҳлати эътибори манъи содироти пӯст дароз карда шавад. Ҳуҷҷатҳое, ки манзури Ҳукумати ҶТ шудаанд, пеш аз тасдиқ гардиданашон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Зиёда аз ин, коркарди пурраи пӯст дар дохили кишвар ба роҳ монда мешавад. Қобили зикр аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ марҳалаи аввали коркарди пӯст бо усули ветблю ва пикел роҳандозӣ мешавад. Ба туфайли барномаи давлатӣ оид ба коркарди пӯст дар Тоҷикистон корхонаҳое ба кор даромаданд, ки аз ин пеш фаъолияташон қатъ шуда буд. Ҳамчунин ду корхонаи нави коркарди пӯст ва як корхонаи коркарди пашм мавриди истифода қарор гирифтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






