М.Убайдуллоев ба Санкт-Петербург рафт
Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Субҳи 15 майи соли 2012 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, кори комиссияҳои доимии он, инчунин чорабиниҳои комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва Конгреси V –уми байналмилалии экологии Нева ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард. Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ниҳодҳои зикршуда то 20 майи соли равон идома меёбад, иттилоъ медиҳад Шавкат Саидов, ёвари раиси палатаи болоии парлумони мамлакат.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






