Маҳфили «Ошёни ҳунар»
Хоруғ, 7 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Маҳфили «Ошёни ҳунар» миёни ҷавондухтарони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хоруғ идома дорад. Маҳфил бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва идораи телевизион ва радиои вилоят роҳандозӣ шудааст. Дар маҳфили имсола толибилмони синфҳои болоии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 9 – уми шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. Толибаҳои синфҳои болоии мактаби мазкур Мижгона Ашӯрмамадова, Ҷонбегим Матлубшоева, Кира Давлатмирова ва Таҳмина Назархудоева ширавору хӯрришҳои мухталифро манзури аҳли маҳфил намуданд. Ҳадафи асосии доир намудани чунин маҳфилҳо дарёфти истеъдодҳои нав аз ҷумлаи ҷавондухтарон ва тарбияи катбонуҳои беҳтарин аст. Маҳфили «Ошёни ҳунар» дар ҳамаи макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хоруғ идома ёфта, ғолибон бо мукофотҳо қадр карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






