Маҷлиси миллӣ Қонуни конститусисониро ҷонибдорӣ хоҳад кард

Май 25, 2012 10:31

Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус 24 май Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарор ба имзо расонд. Аз палатаи болоии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, ки дар иҷлосия маҷмўи масъалаҳои муҳими марбут ба рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон интизор меравад, ки аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи ангишт» ва масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Май 25, 2012 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад