Маълумоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар натиҷаи боридани борони пуршиддат 14-15 май дар ноҳияи Данғара сел омада, дар самти шоҳроҳи Кӯлоб — Данғара — Душанбе, дар км 78-уми байни ҷамоати деҳоти Ёхсу ва Себистон обу лойқа аз доманакӯҳҳо фаромада, қисмати шоҳроҳи мазкурро ба масофаи 60 метр ба чуқурии 15 метр шуста корношоям гардонидааст. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ ва барқарор намудани қисмати корношоями ин шоҳроҳ ташкилотҳои чиноии сохтмони роҳҳо ва пулҳо, ки дар ноҳияи Данғара фаъолият доранд ва ин қисмати роҳ ба онҳо вобастагӣ дорад, сафарбар шуданд. Мувофиқи маълумоти комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 май дар деҳаи Хамдараи ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Тавилдара 8 хоҷагӣ пурра ва 9 хоҷагӣ қисман зарар диданд, дар деҳаи Чашмаи Кабуд 9 хоҷагӣ пурра хароб гардида, 7 хоҷагии дигар қисман зарар дидаанд, дар деҳаи Гирдоб 7 хоҷагӣ пурра ва 4 хоҷагӣ қисман зарар дидаанд, дар деҳаи Руботнол 17 хона пурра, 19 хона қисман, дар деҳаи Руботноли Ғарибон 6 хона пурра, 7 хона қисман, дар деҳаи Шур 2 хона пурра, 11 хона қисман хароб гардида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Дар мавқеи офат комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият дорад ва маълумоти иловагӣ пешниҳод мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






