Маълумоти омор ва гӯшаи гӯштфурӯшии бозор
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи сохтори хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 31 ҳазору 196 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 бештар аз 8,2 фоиз афзудааст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои ВМКБ 29,5 фоиз, Хатлон -8,6, Суғд- 4,2 фоиз зиёд намуданд. Зиёд намудани истеҳсоли гӯшт дар ноҳияҳои Роғун ба андозаи 31,1 фоиз, Шаҳринав-26,3, Нуробод- 20,1, Ваҳдат-17,1, Тоҷикобод-13,7, Рашт-7,1 фоиз, Тавилдара -6,3 ва ноҳияи Турсунзода ба андозаи 5,9 фоиз зиёд намуданд. Бо вуҷуди зиёд шудани гӯшт нарх низ дар бозор сол аз сол боло меравад. Агар афзоиши гӯшт боиси боло рафтани нархи он гардида бошад, пас барои паст кардани нархи гӯшт дар растаю бозорҳои ҷумҳурӣ чӣ омиле вуҷуд дошта метавонад, ки онро қассобу гӯштфурӯш ба инобат гирад? Хеле муҳим аст, ки муттасадиён дар ин бора чӣ назар доранд ё онҳо ҳам бозори озодро дар мусобиқаи боло бурдани нархҳо мефаҳманд?








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






