Марказҳои ҷамъиятӣ барои кӯдакони то синни мактабӣ

Май 24, 2012 10:43

Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Дар муассисаи томактабии №5-и шаҳри Қурғонтеппа ва мактаби таҳсилоти ҳамагонии №49-и ноҳияи Бохтар маросими ифтитоҳи ду маркази ҷамъиятӣ барои кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳо фаро гирифта нашудаанд, баргузор гардид. Ин марказҳо бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати идораи маорифи вилояти Хатлон таъсис дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳи марказҳо сардори идораи маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода ва директори департаменти таҳсилоти Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастумбоев ширкат карданд.  Чунин марказҳо бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти ҳукумати маҳаллӣ 24 май дар мактаби таҳсилоти умумии №2-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва 25 май дар гимназияи №14-и ш. Хуҷанд, мактаби таҳсилоти ҳамагонии №-14-и шаҳри Қайроққум ва боғча-мактаби №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ мешаванд. Марказҳои ҷамъиятӣ ба мақсади муҳайё кардани шароити мусоид барои рушди кӯдакони оилаҳои камбизоат ва кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис дода мешаванд, то ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ ба таълиму тарбия истифода намуда, барои таҳсил омода шаванд. Дар шароити имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ки аксари кӯдакони оилаҳои камбизоат ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, таъсиси марказҳои ҷамъиятӣ намунаи алтернативии таҳсилоти томактабии босифат барои кӯдакони аз 3 то 7-сола маҳсуб шуда, барои рушди зеҳни кӯдакон мусоидат менамояд.

Май 24, 2012 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад