Марказҳои ҷамъиятӣ барои кӯдакони то синни мактабӣ
Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Дар муассисаи томактабии №5-и шаҳри Қурғонтеппа ва мактаби таҳсилоти ҳамагонии №49-и ноҳияи Бохтар маросими ифтитоҳи ду маркази ҷамъиятӣ барои кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳо фаро гирифта нашудаанд, баргузор гардид. Ин марказҳо бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати идораи маорифи вилояти Хатлон таъсис дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳи марказҳо сардори идораи маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода ва директори департаменти таҳсилоти Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастумбоев ширкат карданд. Чунин марказҳо бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти ҳукумати маҳаллӣ 24 май дар мактаби таҳсилоти умумии №2-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва 25 май дар гимназияи №14-и ш. Хуҷанд, мактаби таҳсилоти ҳамагонии №-14-и шаҳри Қайроққум ва боғча-мактаби №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ мешаванд. Марказҳои ҷамъиятӣ ба мақсади муҳайё кардани шароити мусоид барои рушди кӯдакони оилаҳои камбизоат ва кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис дода мешаванд, то ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ ба таълиму тарбия истифода намуда, барои таҳсил омода шаванд. Дар шароити имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ки аксари кӯдакони оилаҳои камбизоат ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, таъсиси марказҳои ҷамъиятӣ намунаи алтернативии таҳсилоти томактабии босифат барои кӯдакони аз 3 то 7-сола маҳсуб шуда, барои рушди зеҳни кӯдакон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






