Маркази таълими забонҳои хориҷӣ
Суғд, 14 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маркази таълими забонҳои хориҷӣ таъсис гардид. Дар марказ тибқи иҷозатномаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ 5 забони хориҷӣ- англисӣ, хитоӣ, олмонӣ, арабӣ ва русӣ омӯзонида мешавад.Дар даври якуми омӯзиш 140 нафар донишҷӯи муассисаҳои таълимии олии касбӣ, муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, соҳибкорони ҷавон ва хоҳишмандон ҷалб шуданд.Дар маркази таълими забонҳои хориҷӣ ҳамаи шароиту имконот, аз ҷумла таҷҳизоти техникӣ, шумораи зиёди технологияи компутерӣ, лавозимоти лингафонӣ, дастур ва луғатҳо муҳайёст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






