Машғулияти навбатии журналистони бахши экология
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 29 май дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии сарвари Маркази назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Башид Суриев машғулияти навбатии журналистони бахши экология баргузор гардид.Дар ҷараёни ин чорабинӣ зикр шуд, ки ба маркази номбурда мошини тамғаи ГАЗел ба ҳайси «Озмоишгоҳи экологӣ» тақдим гардид, ки он бо таҷҳизоти экологӣ таъмин гардидааст.Вазифаҳои асосии Марказ иборат аз таҳти назорати давлатӣ қарор додани риояи стандарту меёрҳои муқарраршуда барои назорати манбаъҳои ифлосшавии муҳити зист мебошад. Ҳамчунин зикр шуд, ки марказ дар боби дастрас намудани озмоишгоҳи таҳлилӣ дучори душвориҳои муайяне гардидааст. «Кормандони марказ ҳангоми иҷрои кор бинобар кифоят накардани маблағҳо, камбуди кормандон, таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маводи кимиёвӣ дучори душвориҳо мегарданд», — зикр намуд Башид Суриев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






