Машварат дар ВКД вобаста ба пешгирии қонуншиканӣ
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба таъкиду эродҳои Роҳбари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат дар хусуси пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ҷаласаи мушовараи махсус доир карда шуд, ки дар он вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, аъзои мушовараи вазорат, кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.Дар ҷаласа омилҳои сар задани ҷинояту қонуншиканӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, маърифати пасти ҳуқуқии онҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар миёни ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар мушовара камбудиҳову норасоиҳои ҷойдоштае, ки дар рафти санҷиш ошкор шуда буданд, шунида шуда ва вазир барои ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






