Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

Май 8, 2012 14:23

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ машварати корӣ анҷом дод.  Доир ба ин мавзӯъ ва рафти иҷрои корҳо нахуст ахбори роҳбарони вазорату идораҳои иқтисод ва рушди савдо, молия, корҳои дохилӣ, нақлиёт, идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, суғуртаи давлатӣ, бонки миллӣ ва ғайра шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматиро вазифадор намуд, ки тамоми таклифу пешниҳодҳо ва таҷрибаи кишварҳои дар ин самт пешрафтаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, дар муҳлати як моҳи оянда лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав омода намояд. Таъкид гардид, ки натанҳо шумораи андозҳо, балки вазни умумии қиёсии онҳо низ бояд кам карда шавад ва дар баробари ин бо дарёфти сарчашмаҳои нав ва афзун намудани шумораи андозсупорандагон даромади буҷети давлатӣ пурра таъмин гардад. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кор бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки андозсупорандагон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, даромадҳои воқеии худро пинҳон надоранд, ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро афзун намуда, дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузориашонро зиёд намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки расмиёти маъмурии соҳа содда гардонда шуда, механизми «Равзаи ягона» ва ҳисоботдиҳии электронӣ васеъ ҷорӣ карда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 8, 2012 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд