Машварати техникии идораи хазинаи маълумоти TojikInfo

Май 29, 2012 16:14

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади мустаҳкам намудани малакаи кормандони Агентии омор доир ба идораи хазинаи маълумоти TojikInfo бо дастгирии ЮНИСEФ машварати техникӣ бо иштироки Камал Кумар Гаур аз гурӯҳи дастгирии DevInfo (Деҳлии нав, Ҳиндустон) доир гардид.  Ҷаноби Гаур ба гурӯҳи техникии Tojikhfo доир ба масъалаҳои ташаккул ва якҷоя намудани хазинаи иттилоот, навкунӣ ва ворид намудани маълумот мусоидат намуда, ҳамчунин доир ба азнав барқарор намудани корҳои хазинаи иттилооти TojikInfo дар реҷаи «Он-лайн» тавсияҳо дод. Истифодаи барномаи DevInfo барои мутахассисони Агентии омор ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҷаноби Гаур таҳлили инноватсионии маълумотро бо истифода аз технологияи DevInfo намоиш дод. Дар семинар имкониятҳои картографии барнома ва истифодаи он дар раванди қабули қарорҳо, ки исбот шудаанд, баррасӣ гардид. Иштирокчиёни семинар имконият доштанд, ки як қатор нишондиҳандаҳои хазинаи маълумоти TojikInfo-ро дар намуди харита таҳлил намоянд. TojikInfo, намунаи миллии DevInfo – ин хазинаи иттилоот дар бораи рушди иҷтимоистӣ, ки зиёда аз 300 нишондиҳанда дорад ва аз сарчашмаҳои гуногун гирифта шудааст. TojikInfo дастрасии осонро ба истифодаи васеъ дар раванди қабули қарорҳо ва дтарҳрезии стратегӣ таъмин менамояд. Хазинаи иттилооти мазкур имконият медиҳад, ки дар асоси маълумоти расмӣ дар сатҳи мамлакат, вилоятҳо ва ноҳияҳо ҷадвалҳо, графикҳо ва харитаҳо тартиб дода шаванд.

Май 29, 2012 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд