Машварати техникии идораи хазинаи маълумоти TojikInfo
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади мустаҳкам намудани малакаи кормандони Агентии омор доир ба идораи хазинаи маълумоти TojikInfo бо дастгирии ЮНИСEФ машварати техникӣ бо иштироки Камал Кумар Гаур аз гурӯҳи дастгирии DevInfo (Деҳлии нав, Ҳиндустон) доир гардид. Ҷаноби Гаур ба гурӯҳи техникии Tojikhfo доир ба масъалаҳои ташаккул ва якҷоя намудани хазинаи иттилоот, навкунӣ ва ворид намудани маълумот мусоидат намуда, ҳамчунин доир ба азнав барқарор намудани корҳои хазинаи иттилооти TojikInfo дар реҷаи «Он-лайн» тавсияҳо дод. Истифодаи барномаи DevInfo барои мутахассисони Агентии омор ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҷаноби Гаур таҳлили инноватсионии маълумотро бо истифода аз технологияи DevInfo намоиш дод. Дар семинар имкониятҳои картографии барнома ва истифодаи он дар раванди қабули қарорҳо, ки исбот шудаанд, баррасӣ гардид. Иштирокчиёни семинар имконият доштанд, ки як қатор нишондиҳандаҳои хазинаи маълумоти TojikInfo-ро дар намуди харита таҳлил намоянд. TojikInfo, намунаи миллии DevInfo – ин хазинаи иттилоот дар бораи рушди иҷтимоистӣ, ки зиёда аз 300 нишондиҳанда дорад ва аз сарчашмаҳои гуногун гирифта шудааст. TojikInfo дастрасии осонро ба истифодаи васеъ дар раванди қабули қарорҳо ва дтарҳрезии стратегӣ таъмин менамояд. Хазинаи иттилооти мазкур имконият медиҳад, ки дар асоси маълумоти расмӣ дар сатҳи мамлакат, вилоятҳо ва ноҳияҳо ҷадвалҳо, графикҳо ва харитаҳо тартиб дода шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






